Декабр 21, 2016 18:59 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 22 шаҳрванди баҳрайнӣ ба дасти низомёни режими Оли Халифа

Маркази ҳуқуқи башари Баҳрайн, аз боздошти 22 шаҳрванди ин кишвар, аз ҷумла панҷ кӯдак ба дасти низомёни режими Оли Халифа хабар дод.

Ба гузориши шабакаи ал-Олам, маркази ҳуқуқи башари Баҳрайн эълом кард, аз ин теъдод ҳашт нафар ба додгоҳҳои Баҳрайн равона шуда ва ба 67 сол ҳабс маҳкум шуданд, ки ду маврид аз ин парвандаҳо марбут ба озодии баён буд.

Бар асоси ин гузориш, режими Оли Халифа бо нақзи густурдаи ҳуқуқи башар ва саркӯби хостаҳои мардум, Баҳрайнро ба зиндони бузурге табдил кардааст.

Дар пайи қиёми мардуми Баҳрайн дар 14 феврали соли 2011, режими Оли Халифа неруҳои низоми Арабистон ва чанд кишвари дигари арабиро дар қолаби неруҳои "Сипари Ҷазира" барои кумак ба саркӯби эътирозҳо фаро хонд ва ин неруҳо ба саркӯби мардум Баҳрайн машғуланд.

Мардуми Баҳрайн хоҳони озодии ҳамаи зиндониён, аз ҷумла шайх Исо Қосим ва шайх Алӣ Салмон ду руҳонии барҷаста, барқарории адолат, аз байн бурдани табъиз ва рӯйи кор омадани низоми демократӣ дар кишварашон ҳастанд.

 

Барчасп