Декабр 21, 2016 20:19 Asia/Dushanbe
  • Охирин таҳаввулоти Ҳалаби Сурия

Дар пайи ихтилоф байни гурӯҳҳои террористӣ дар Ҳалаби Сурия, хуруҷи охирин гурӯҳ аз террористҳо ва хонаводаҳояшон аз маҳаллаҳои шарқи Ҳалаб ба таъхир афтод.

Ба гузориши телевизиони Сурия, ихтилофоти дохилӣ байни гурӯҳҳои террористӣ ва ҷилавгирии террористҳо аз вуруди автобусҳои гурӯҳи ҷадиде аз захмиҳо, беморон ва занону кӯдакони ду минтақаи Кафарё ва Фуа ба Ҳалаб, боис шуд кори хориҷ кардани охирин гурӯҳ аз террористҳо ва хонаводаҳояшон аз маҳаллаҳои шарқии ин шаҳр ба таъхир биафтад.

Телевизиони Сурия ҳамчунин гузориш дод, даҳҳо нафар аз сокинони маҳаллаҳои шарқи Ҳалаб, аз ҷумла теъдоде аз касоне, ки ба дасти террористҳо рабуда шуда буданд, пас аз фирор аз зиндонҳои террористҳо, дирӯз худро ба мавозеи артиши Сурия дар минтақаи Ҷисрулҳаҷ дар Ҳалаб расонданд.

Ин рабудашудагон гуфтанд, ҷабҳаи ан-Нусра ононро беш аз ду моҳ қабл боздошт карда буд ва террористҳо ҳамаи мадорики шиносоии ононро сӯзонда буданд.

Дар ҳамин ҳол яке аз мақомҳои Созмони милали муттаҳид дар нишасти хабарии рӯзи сешанбе дар шаҳри Женева аз мувофиқати давлати Сурия бо эъзоми 20 нозири дигар ба маҳаллаҳои шарқи шаҳр Ҳалаб хабар дод.

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх сешанбе эълом кард, аз панҷшнбеи ҳафтаи гузашта то кунун 25 ҳазор нафар аз шарқи Ҳалаб берун шудаанд.

Сухангӯи Созмони милали муттаҳид ҳамчунин гуфт, то кунун ҳудуди 750 нафар низ аз ду шаҳраки Фуа ва Кафарё дар вилояти Идлиб берун бурда шудаанд.

Қарор буд раванди хуруҷи афроди мусаллаҳ ва хонаводаҳояшон аз шарқи Ҳалаб имрӯз, чаҳоршанбе, ба поён бирасад.

 

Барчасп