Ҳамос: Амалиёти Ҳаввараҳ посӯхи табиӣ ба ҷиноёти фазояндаи режими ишғолгар буд
Сухангӯи ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) якшанбе шаб гуфт: Амалиёти шаҳраки Ҳаввараҳ, ки мунҷар ба захмӣ шудани як низомии саҳюнист шуд, посӯхи табиӣ ба ҷиноёти фазояндаи режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин аст.
Ба гузориши Садои Хуросон, Муҳаммад Ҳамода афзӯд: Ҳамаи талошҳо барои тазъифи мардуми мо ва дилсард кардани онҳо аз пружаи муқовимат ба шикаст мувоҷҷеҳ хоҳад шуд ва пойдорӣ ва муқовимати мо идома хоҳад дошт.
Вай гуфт: Мардуми Фаластин шикаст нахоҳанд хурд ва бо тамоми қувва ба ҳатаки ҳурамти Масҷидул Ақсо ва талош барои густариши кантрол бар он посӯх хоҳанд дод.
Изҳороти сухангӯи Ҳамос дар ҳоле аст, ки Ҳилоил Аҳмари Фаластин бомдоди душанбе эълом кард, дар пайи юриши низомиёни саҳюнист, нерӯҳои муқовимати Фаластин ва ҷавонони фаластинӣ бо онҳо даргир шуданд, ки бар асари он то кунун се ҷавони фаластинӣ ба шаҳодат расиданд ва шуморе низ захмӣ шуданд.