Муқобилаи падофанди ҳавоӣ Сурия бо аҳдофи мутахосим дар атрофи Димишқ
Май 29, 2023 11:50 Asia/Dushanbe
Манобеъи хабари бомдоди душанбе аз муқобилаи падофанди ҳавоӣ артиши Сурия бо аҳдофи мутахосим дар атрофи Димишқ хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон хабаргузории расми Сурия бо эъломи ин ки садои чанд инфиҷор дар атрофи Димишқ шунида шуда аст гузориш дод сомонаҳои падофандии артиши Сурия барои раҳгирии мушакҳои ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ фаъол шуданд.
Бархе манобеъи маҳали низ мегуянд режими саҳюнистӣ дар ҳоли анҷоми ҳамалоти ҳавои густарда ба пойтахти Сурия ва атрофи он аст.
Таҷовузҳои ҳавоӣ режими саҳюнистӣ дар ҳоле аст, ки давлати Сурия борҳо бо ирсоли нома ба Созмони Милали Муттаҳид ва шурои амнияти Созмони Милал ин ҳамалотро маҳкум ва хостори тавақуфи он шуда аст.
Барчасп