Вокуниши Созмони дидабони ҳуқуқи башар ба эъдоми 2 ҷавони баҳрайнӣ
Созмони дидабони ҳуқуқи башар эъдоми 2 ҷавони шиаи баҳрайнӣ дар Арабистони саъудиро маҳкум кард ва ин муҳокимаро ноодилона донист.
Вазорати дохилаи Арабистони рӯзи душанбе аз эъдоми ду табаъаи баҳрайнӣ ба иттиҳоми талош барои эҷоди ноамнӣ дар Арабистону Баҳрайн хабар дод .
Мардуми Баҳрайн дар зодгоҳи ин ду ҷавон тазоҳуротеро барпо карданду хостори таҳвили пайкарҳои ин ду ҷавон аз Арабистони саъудӣ шуданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Созмони дидабони ҳуқуқи башар дар баёнияе эълом кард Арабистони саъудӣ ва Баҳрайн ва бархе аз кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс аз муқаррароти густардае дар қавонини тероризми худ барои саркӯби мухолифон истифода мекунанд.
Рӯзи гузашта шайх Исо Қосим-раҳбари шиъаёни Баҳрайн дар бораи эъдоми 2 баҳрайнӣ дар Арабистон навишт : Миллати Баҳрайн, ки сухани ҷовидони худ яъне « фақат дар баробари Худованд зонӯ хоҳем зад »-ро бар забон овардааст,ҳаргиз аз ин рӯйкард даст бар намедорад.
Пеш аз ин созмони амрикоии демокрасй ва ҳуқуқи башар дар Баҳрайн низ бо судӯри баёнияе ин иқдоми Арабистони саъудиро маҳкум кард ва ин ду ҷавони баҳрайниро қурбониёни шиканҷа номид .
Созмони мазкӯр эълом кард эъдоми ин ду ҷавони баҳрайнӣ боис шуд то омори қурбониёни эъдом аз ибтидои соли 2023 дар Арабистони саъудӣ ба 38 нафар бирасад .
Ҷамъияти Алвифоқи Баҳрайн низ эъдоми ду ҷавони баҳрайнӣ тавассути Арабистони саъудиро як « иштибоҳ » ва эъдоми сиёсии бидуни риояти содатарин меъёрҳои қонунӣ донист .