Июн 13, 2023 21:04 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ бо оташбаси баландмуддат бо режими саҳюнистӣ
    Мухолифати Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ бо оташбаси баландмуддат бо режими саҳюнистӣ

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ва ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ эълом карданд дар музокироти ахир бо мақомоти мисрӣ дар Қоҳира дар заминаи барқарории оташбаси баландмуддат бо режими саҳюнистӣ гутугуфӣ нашуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии рузномаи Раюл Алявм, Ҳозим Қосим сухангуи ҷунбиши Ҳамос гуфт интишори бархе хабарҳои иддаоӣ мабни бар ин ки дар музокироти ахир дар Қоҳира дар бораи оташбаси баландмуддат бо режими саҳюнистӣ баҳсу гуфтугу шуд беасос ва нодуруст аст.

Ҳозим Қосим афзуд: Ҳайати ҳамос дар музокироти ахир дар Қоҳира бо мақомоти мирсӣ дар бораи идомаи ҳамалот ва таҷовузгариҳои Исроил зидди сокинони шаҳри Қудс ва Каронаи Бохтари руди Урдун беҳурмати ба маконҳои муқаддас ва роҳҳои муқобила бо сиёсатҳои режими ишғолгари Қудс гуфтугу карда аст.

Довуд Шаҳоб сухангуи Ҷиҳоди Исломӣ ҳам дар ин бора гуфт: Зиёд Алнахола дабири кулли ин ҷунбиш бо мақомоти Мирс дар бораи оташбаси тулони ва кутоҳмуддат ҳеҷ гуфтугуи накарда аст.

Барчасп