Иҳонати шаҳракнишинони саҳюнист ба Қуръони Карим
Манобеи хабарӣ аз иҳонати шаҳракнишинони саҳюнист ба Қуръони Карим дар Наблос хабар доданд.
Ба гузоришаши телевизиони «Алмаёдин», шаҳракнишинони саҳюнист дар иқдоме хатарноку танишофарин зидди муқаддасоти исломӣ, нусхаҳое аз Қуръони Каримро дар яке аз масоҷиди шаҳраки Урайф, дар ҷануби шаҳри Наблос, воқеъ дар Карона бохтарии рӯди Урдун ба оташ кашиданд.
Дар ҳамин робита канали 13 телевизиони режими саҳюнистӣ ҳам видеое пахш кард, ки лаҳзаи иҳонати шаҳракнишинони саҳюнист ба Қуръони Каримро ҳангоми юриш ба шаҳраки Урайф намоиш медиҳад.
Дар ин гузориш омадааст, шаҳракнишинони саҳюнисти иҳонаткунанда ба Қуръони Карим, вобаста ба гуруҳи мавсум ба Фатияталтилол (Ҷавонони теппаҳо) ҳастанд, ки аз шаҳракнишинони саҳюнисти бисёр ифротгаро дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун ташкил шудаанд.
Иҳонат ба Қуръони Карим дар идомаи сиёсати яҳудисозии Байтулмуқаддас ва дигар шаҳрҳои арозии ишғолӣ ва ҳамчунин дар идомаи ҷиноятҳое аст, ки саҳюнистҳо зидди фаластиниҳо муртакиб мешаванд.
Оташ задани Қуръони Карим баёнгари ҳоким будани нажодпарастӣ бар сиёсатҳои режими ишғолгари Қудс аст.