Июн 25, 2023 10:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Ироқ дар бораи хатари урдугоҳи Алҳавл
    Ҳушдори Ироқ дар бораи хатари урдугоҳи Алҳавл

Мушовири амнияти миллии Ироқ дар мавриди хатари урдугоҳи оворагони Алҳавли Сурия барои кулли минтақа ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Қосим Алаъраҷи мушовири амнияти миллии Ироқ дар дидори Алина Румански сафири Амрико дар Бағдод дар бораи охирин таҳавуллоти вазъияти сиёсӣ ва амниятии минтақа ва ҷаҳон ройзани кард.

Араъраҷи дар ин дидор кумаки Амрико ба Бағдод дар ростои баргузории як конфронси байналмилалӣ барои ҳаллуфасли парвандаи урдугоҳи Алҳавли Сурия пеш аз поёни соли ҷории мелодиро хостор шуд.

Ин мақоми ироқӣ ҳамчунин бар зарурияти бозгардондани  шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар урдугоҳи Алҳавл ба кишварҳои аслияшон таъкид кард.

Пештар низ Муҳаммадшиёъ Алсудонӣ нахуствазири Ироқ аз ҷомеъаи ҷаҳони хоста буд то вазифи худро барои ҳалли масъалаи оворагон дар урдугоҳи Алҳавл анҷом диҳад.

Барчасп