Июн 25, 2023 18:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҷангандаҳои Русия ба мавозеи террористҳо дар Сурия

Манбаи расонаӣ аз ҳамалоти неруи ҳавоии Русия ба мавозеи террористҳо дар Идлиб ва Лозиқияи Сурия хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷангандаҳои Русия имрӯз (якшанбе) мавозеи гуруҳи террористии "Таҳрир Ал Шом" ва гуруҳи террористии мавсӯм ба «Ал ҳизб ал Исломӣ ал Туркистонӣ» дар атрофи шимолии Лозиқия ва атрофи Идлиби Сурияро бомбаборон карданд.

Неруи ҳавоии Русия дар чандини ҳамлаи ҳавоӣ мақарҳои террористҳои мусаллаҳ дар шимоли ғарби Идлиб ва ҳам чунин мақари гуруҳи террористии Таҳрир ал Шом дар дар ҷануби Идлибро ҳадаф қарор дод.

Террористҳо дар ду рӯзи гузашта, ҳӯмаи Лозқия ва Ҳумоҳро бо паҳпод ҳадаф қарор доданд, ки дар ин ҳамалот чаҳор ғайринизомӣ, аз ҷумла ду кӯдак кушта ва се нафари дигар захмӣ шуданд.

 

Барчасп