Декабр 24, 2016 12:42 Asia/Dushanbe

Кристиано Роналдо, ситораи португалии тими футболи “Реал Мадрид” дар паёми видеоие кӯдакони Сурияро қаҳрамони воқеӣ тавсиф кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, ситораи португалии тими футболи “Реал Мадрид”, ки ахиран, муваффақ ба касби тӯби тило шудааст, илова бар кӯмаки молӣ барои сохтани шаҳри Ҳалаб паёми видеоие ба кӯдакони Сурия фиристодааст. Роналдо дар ин паёми видеоӣ гуфтааст: “Ин паём барои кӯдакони Сурия аст. Хеле хуб медонем, ки шумо сахтиҳои зиёде кашидаед. Ман бозингари бисёр машҳур ҳастам, аммо шумо қаҳрамонони воқеӣ ҳастед. Умедатонро аз даст надиҳед. Ҷаҳон аз он шумост ва ман тарафдори шумо ҳастам”.

Бунёди байналмилалии ҳифозат аз ҳуқуқи кӯдакон (Save the children) эълом кард, ситораи бошгоҳи “Реал Мадрид” кӯмаки молии қобили таваҷҷуҳе барои сохтани шаҳри Ҳалаб кардааст.

 

Барчасп