Июл 04, 2023 15:38 Asia/Dushanbe
  • Шикори чаҳорумин квадрокоптери режими саҳюнистӣ бар фарози Ҷанин

Расонаҳои фаластинӣ аз сарнагунии чаҳорумин квадрокоптери режими саҳюнистӣ хабар доданд .

Таҷовузи густардаву ҳамаҷонибаи режими саҳюнистӣ аз бомдоди душанбе оғоз шуд ва ҳамчунон идома дорад . Ин таҷовузи муҷиби шаҳодати 11 нафар ва маҷрӯҳяти 100 нафар шуд, ки ҳоли 20 нафар аз онҳо вахим гузориш шудааст .
Ба гузориши вебгоҳи фаластинии Шаҳоб, Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ имрӯз сешанбе дар баёнияе эълом кард размандагони муқовимат як квадрокоптери дигари режими саҳюнистиро сарнагун карданд .
Ин чаҳорумин квадрокоптери режими саҳюнистӣ аст, ки аз оғози набард дар Ҷанин сарнагун мешавад.
Як рӯз қабл аз таҷовузи ҳамаҷонибаи режими саҳюнистӣ ба Ҷанин низ муқовимати фаластинӣ муваффақ шуда буд  як квадрокоптери ҷосӯсии режими саҳюнистиро, ки дар ҳоли тасвирбардорӣ аз урдӯгоҳи Ҷанин буд, варнагун ва контроли онро ба даст гирад .

Бештар бихонед :

 

Барчасп