Июл 04, 2023 20:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи дубораи ҷангандаҳои саҳюнист ба Ҷанин
    Ҳамлаи дубораи ҷангандаҳои саҳюнист ба Ҷанин

Хабаргузории Шаҳоби Фаластин аз ҳамлаи дубораи ҷангандаҳои саҳюнист ба Ҷанин дар шимоли Каронаи Бохтари руди Урдун хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Шаҳоби Фаластин ҷангандаҳои саҳюнист минтақаи Алдамҷ дар Ҷанинро бомбаборон карданд.

Тасовире, ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мунташир шуда аст нишон медиҳад, ки пас аз шунида шудани садои инфиҷор дар Ҷанин дуди ба ҳаво баланд шуда аст.

То кунун аз мизони хисоратҳои эҳтимлии ноши аз ин ҳамла ҷузиёти мунташир нашуда аст.

Ин бомбаборон бо шиддат гирифтани даргири миёни неруҳои муқовимати Фаластин ва низомиёни режими саҳюнистӣ анҷом мешавад.

Низомиёни режими саҳюнистӣ рузи душанбе низ ба шаҳр ва урдугоҳи Ҷанин дар Каронаи Бохтари юриш бурданд бар асоси омори Вазорати беҳдошти Фаластин дар ин ҳамалот то ин лаҳза 11 фаластинӣ шаҳид ва 100 фаластинии дигар маҷруҳ шуданд.

Барчасп