Июл 06, 2023 18:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳ : Душман ба аҳдофи худ дар Ҷанин нарасид

Раиси шӯрои иҷроии ҷумбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт ончӣ дар Ҷанин рух дод, пирӯзӣ барои муқовимат буд.

Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз шабакаи Алманор, Сайид Ҳошим Сафиуддин-раиси шӯрои иҷроии ҷумбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи панҷшанбе гуфт: Режими саҳюнистӣ натавонист дар Ҷанин аҳдофи худро амалӣ кунад .
Сафиуддин гуфтнчӣ дар Ҷанин рӯй дод, пирӯзӣ барои муқовимат аст; муқовимате ки қодир аст иродаи душманро дарҳам бишканад, аммо душман натавонист ҳадафи худ барои решакании муқовиматро амалӣ кунад .
Раиси шӯрои иҷроии ҷумбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон дар бора авзоъи дохилии Лубнон низ бар иҷрои гуфтугуи амиқ ба манзури ҳалли тамомии буҳронҳо аз ҷумла интихоби раиси ҷумҳӯр таъкид кард ва гуфт: Изҳороти нажодпарастонаву таҳрикомез ҳаргиз мушкилоти кишварро ҳал нахоҳад кард.