Июл 09, 2023 12:42 Asia/Dushanbe
  • Монеътарошиҳои Амрико дар масири беҳбуди равобити кишварҳои арабӣ бо Сурия
    Монеътарошиҳои Амрико дар масири беҳбуди равобити кишварҳои арабӣ бо Сурия

Рузномаи Ал-ахбори Лубнон аз монеътарошиҳои Амрико дар масири беҳбуди равобити кишварҳои арабӣ бо Сурия хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо рузномаи Ал-ахбори Лубнон дар матлаби эълом кард ба асноди дипломотики дастёфта аст, ки исбот мекунад Амрико ба шиддат талош дорад дар масири беҳбуди равобити кишварҳои арабӣ бо Сурия монеъ эҷод кунад ва ҳатто дарҳои оштиро миёни Димишқ ва Анкара бибандад.

Борборо Лию муовини умури ховари наздик дар Вазорати хориҷаи Амрико дар дидор бо сафирони кишварҳои шурои ҳамкории Халиҷи Форс дар Вашенгтон гуфт: Амрико бо бозгашти Сурия ба Иттидоди Араб мухолиф аст ва ҳаргиз аз талошҳо барои беҳбуди равобит бо Сурия ҳимоят намекунад.

Дар ҳамин нишасти сенатори ҷумҳурихоҳ бо ҳар навъ кумак барои бозсозии манотиқи таҳти султаи низоми сиёсии Сурия ва ҳамчунин таъмини тарҳҳои барқрасони ва газрасони аз хоки Сурия ба Лубнон мухолифат карданд.

Дипломатҳои амрикоӣ ҳамчунин маротиби эътирози Вашенгтон ба беҳбуди равобит бо Сурияро ба кишварҳои арабӣ иблоғ карданд.

Барчасп