Таҳарукоти машкуки низомии Амрико дар шарқи Сурия
Дар манотиқи таҳти тасалути артиши Сурия ва манотиқи ишғолии Амрико дар устони Дайр аз-Зур неруҳои демокроти курди Сурия вобаста ба Амрико ба ҳолати омодабош даромаданд.
Бо шикасти гуруҳи террористии ДИИШ ба унвони қудрати Амрик дар Сурия ноябри соли 2017 неруҳои амрикоӣ мустақиман ҷойгузини ин гуруҳаки террористӣ шуданд ва дақиқан аз ҳамон замон низ ба ҷои ДИИШ шуруъ ба истихроҷ ва дуздии нефти Сурия карданд.
Террористҳои амрикоӣ тайи рузҳои гузашта таҷҳизоти низомӣ ва пуштибонии зиёди ба пойгоҳҳои ғайриқонунии худ дар Дайр аз-Зур интиқол доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник бархе манобеъи маҳалӣ дар устони Дайр аз-Зури Сурия рузи якшанбе эълом карданд Амрико ва шибҳинизомиёни курди вобаста ба ин кишвар ба суръат дар ҳоли интиқоли таҷҳизоти низомӣ ҳастанд ва дар нуқоти муқобили артиши Сурия мустақар шуданд.
Димишқ борҳо таъкид карда аст ҳузури Амрико ва неруҳои демокроти курди Сурия дар шарқ ва шимоли шарқи ин кишвар ғайриқонуни ва ишғолгарона аст ва ба ин ҳузур поён хоҳад дод.