Июл 10, 2023 10:07 Asia/Dushanbe
  • Тахриби хонаи шаҳрванди фаластинӣ дар бахши қадимии Қудси ишғолӣ
    Тахриби хонаи шаҳрванди фаластинӣ дар бахши қадимии Қудси ишғолӣ

Режими саҳюнистӣ хонаи як шаҳрванди фаластиниро дар бахши қадимии шаҳри Қудс тахриб кард.

Режими Исромил бо эҳдоси шаҳракҳои саҳюнистнишин ва тахриби манозили фаластиниён дар садади тағири сохтори ҷуғрофиёи манотиқи фаластинӣ ва чеҳраи саҳюнистӣ додан ба ин манотиқ аст то салтаҷӯиҳояшро дар манотиқи саҳюнистӣ тасбит кунад.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз маркази иттилоърасонии Фаластин, дафтари ҳамоҳангкунандаи умри инсонии Созмони Миллал рӯзи якшанбе дар гузорише эълом кард. Режими саҳюнистӣ аз соли 2009 то кунун ҳудуди ҳашт ҳазору 746 хона ва сохтумони маскунии мутаъалиқ ба фаластиниёнро тахриб кардааст.

Дафтари ҳамоҳанг кунандаи умури инсонии Созмони Миллал таъкид кард, бо тахриби хонаҳои мутаъалиқ ба фаластиниён, ҳазорон нафар овора ва бесарпаноҳ шуданд.

Аз сӯйи дигар, низомиёни артиши режими саҳюнистӣ заминҳои кишоварзии фаластиниёнро  дар шарқи Хан Юнес воқеъ дар ҷануби навори Ғаза ҳадаф қарор дода ва кишоварзони фаластиниро маҷбур ба тарки заминҳои худ карданд.