Июл 16, 2023 12:35 Asia/Dushanbe
  • Баргузории бистуҳаштумин ҳафтаи тазоҳурот зидди Натаняҳу дар Фаластини ишғолӣ
    Баргузории бистуҳаштумин ҳафтаи тазоҳурот зидди Натаняҳу дар Фаластини ишғолӣ

Сокинони сарзаминҳои ишғолӣ рузи шанбе барои бистуҳаштумин ҳафтаи пай дар пай зидди Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ ва тарҳи ислоҳоти қазоӣ вай тазоҳурот карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, расонаҳои саҳюнистӣ гузориш доданд, ки муътаризон ба лоиҳаи тағироти қазоӣ шанбешаб дар манотиқи мухталифи сарзаминҳои ишғолии Фаластин ба хиёбонҳо омаданд.

Тайи моҳои гузашта даҳҳо шаҳр аз шимол то ҷануби Фаластини ишғолӣ аз ҷумла Тел-Авив, Ҳайфо, Қудси ишғолӣ, Беэр Шева, Ришон Летсия ва Гертслия саҳнаҳои тазоҳурот зидди кобинаи рости ифротии Натаняҳу ва лиҳаи ислоҳот дар дастгоҳи қазоӣ режими саҳюнистӣ буда аст.

Дар тарҳи кобинаи Натаняҳу мавсум ба ислоҳи қонуни қазоӣ аз ихтиёроти дастгоҳи қазо кам шуда ва дар муқобил қудрат ва ҷойгоҳи дастгоҳи қонунгузори ва дастгоҳи иҷроӣ дар ин режим тақвият хоҳад шуд.