“Ҳааретз”: Доираи эътирозот дар Исроил густардатар мешавад
(last modified Sun, 16 Jul 2023 13:33:56 GMT )
Июл 16, 2023 18:33 Asia/Dushanbe
  • Эътирозот алайҳи кобинаи режими саҳюнистӣ
    Эътирозот алайҳи кобинаи режими саҳюнистӣ

Рӯзномаи саҳюнистии “Ҳааретз” дар гузорише навишт, доираи эътирозот ба ислоҳоти қазоии Натанёҳу дар Исроил густардатар мешавад.

Тайи моҳҳои гузашта даҳҳо шаҳр аз шимол то ҷануби Фаластини ишғолӣ, аз ҷумла Тел-Авив, Ҳийфа, Қудси ишғолӣ ... саҳнаи тазоҳурот алайҳи кобинаи рости ифротии Натанёҳу ва лоиҳаи ислоҳот дар дастгоҳи қазоии режими саҳюнистӣ будааст.

Ба гузориши шабакаи “Алмёдин”, рӯзномаи саҳюнистии «Ҳааретз» рӯзи якшанбе дар гузорише бо ишора ба барномаҳои шаҳракнишинон барои таҳти фишор қарор додани кобинаи Бенёмин Натанёҳу эълом кард, бо афзоиши фишорҳо бар кобинаи Бенёмин Натанёҳу, вазъият аз ихтилол ба фалаҷ дар сарзаминҳои ишғолӣ мунтақил мешавад.

Рӯзномаи “Ҳааретз” дар ин гузориш навишт, барномаҳои муътаризон шомили густариши доираи эътирозот, афзоиши тахаллуфи неруҳои захираву довталаб аз хидмат дар артиш, фишор бар ширкатҳои бузург ва ташаккулҳои коргарӣ ва талош барои эҷоди эътисоб дар сарзаминҳои ишғолӣ барои лағви раванди қонунгузории ислоҳоти қазоӣ дар ҳафтаи оянда аст.

Ин рӯзномаи саҳюнистӣ дар идомаи гузориш навишт, созмондиҳандагони эътирозот дар ҳоли барномарезӣ барои фаъолиятҳои мустамар аз «рӯзи ихтилол» пасфардо (сешанбе) то рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда ҳастанд.