Вуруди раиси ҷумҳӯри Туркия ба Арабистон
(last modified Tue, 18 Jul 2023 05:28:26 GMT )
Июл 18, 2023 10:28 Asia/Dushanbe
  • Вуруди раиси ҷумҳӯри Туркия ба Арабистон

Раиси ҷумҳӯри Туркия дар садри ҳайати олирутба вориди Арабистон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раҷаб Тайиб Ардуғон-раиси ҷумҳӯри Туркия дар аввалин марҳила аз сафари серӯзаи худ ба кишварҳои минтақаи халиҷи Форс барои густариши равобит, дируз вориди шаҳри Ҷаддаи Арабистон шуд.
200 фаъоли тиҷорӣ Ардуғонро дар ин сафар ҳамроҳӣ карданд.
Равобити дуҷониба ва масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар дастури кор аст.
Ардуғон пас аз Арабистон ба тартиб роҳии Қатар ва Аморот хоҳад шуд.
Ардуғон дар ҷараёни сафари худ ба се кишвари ҳошияи халиҷи Форс қаблан гуфта буд, ки мехоҳад равобити худро бо онҳо густариш диҳад ва қарордодҳои сармоягузориро ниҳоӣ кунад .
Расонаҳо ва мақомоти Туркия ҷазби 50 миллиард доллар сармояро далели аслии ин сафар унвон кардаанд.