Июл 22, 2023 19:08 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳурот зидди Натаняҳу аз Тел-Авив то Қудси ишғоли
    Тазоҳурот зидди Натаняҳу аз Тел-Авив то Қудси ишғоли

Тазоҳурот зидди тарҳи ҷанҷолии нахуствазири режими саҳюнистӣ дар бораи ислоҳоти қазоӣ ҳамчунон идома дорад.

Тарҳи кобинаи Натаняҳу мавсум ба ислоҳоти қонуни қазоӣ ки сокинони сарзаминҳои ишғоли аз он ба кудитои қонуни асоси таъбир мекунанд мунҷар ба меҳвари танишҳои сиёсӣ дар кобинаи ин режим ва густариши эътирозоти мардуми дар Исроил шуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон Пресс мухолифони Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ ин бор тазоҳуроти хиёбониро аз Тел-Авив то Қудси ишғоли дар дастури кор қарор доданд.

Дар ин гузориш омада аст ҳазорон шаҳракнишини исроилӣ мухолифи ислоҳоти қазоӣ кобинаи Биямин Натаняҳу ба тазоҳуроти хиёбони аз Тел-Авив то Қудси ишғоли мулҳақ шуданд ва ин тазоҳурот аз 30 соат пеш оғоз шуда аст.

Тайи ҳафтаҳои гузашта даҳҳо шаҳр аз шимол то ҷануби Фаластини ишғолӣ саҳнаи  тазоҳурот зидди кобинаи рости ифротии Натаняҳу ва лоиҳаи тағирот дар дастгоҳи қазоӣ режими саҳюнистӣ буда аст.

Барчасп