Июл 23, 2023 14:54 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти десантии неруҳои ишғолгари амрикоӣ дар атрофи Дайруззур

Манобеи маҳаллӣ аз амалиёти десантии неруҳои ишғолгари амрикоӣ дар атрофи Дайруззур ва рубудани шуморе аз шаҳрвандони сурӣ хабар доданд.

Бо шикасти гуруҳи террористии ДИИШ ба унвони бозуии низомии Амрико дар Сурия ( ноябри 2017 ) неруҳои амрикоӣ мустақиман ҷойгузини ин гурӯҳаки террористӣ шуданд ва дақиқан аз ҳамон замон низ ба ҷои ДИИШ шурӯ ба истихроҷу сирқати нафти Сурия карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алҷазира,манобеи маҳаллӣ эълом карданд неруҳои ишғолгари Амрико бомдоди рузи ҷумъа як амалиёти десантӣ дар Сурия анҷом доданд ва шуморе аз шаҳрвандони ин минтақаро боздошт карданд . Манобеи маҳаллӣ афзуданд ин амалиёт бо мушорикати аносури ҚСД-и вобаста ба Амрико анҷом шудааст.
 

 

Барчасп