Июл 25, 2023 11:28 Asia/Dushanbe
  • Филм / шӯри ҳусайнӣ дар Карбало ; Байнулҳарамайн сиёҳпӯш шуд

Ҳамзамон бо азодории ҳусайнӣ ( а ) ҳолу ҳавои Карбало дар шабҳои муҳаррам шӯри ҳусайнӣ гирифтааст.

Зоирони ироқӣронӣ ва дигари зоирон барои ширкат дар азодории рӯзҳои тосуъову ошӯрои ҳусайнӣ ( а ) худро ба Карбалои муъаллои Ироқ расонданд.

Ин рӯзҳо Байнулҳарамайн мизбони азодорони сиёҳпӯш аст, ки ба ишқи Имом Ҳусайн ( а ) ёронаш ба Карбало омаданд, то як бори дигар бо ормонҳои қиёми Ошурои таҷдиди байъат кунанд.
Миллатҳои мухталиф аз ҳар қавму нажоде зери парчами Имом Ҳусайн ( а ) дар Карбало ҳузур доранд ва зебоии шӯри ҳусайниро дар Байнулҳарамайн ба тасвир кашиданд.

Илова бар ҳузури густардаи зоирони Имом Ҳусайн ( а ) дар Карбало, ончи ин рӯзҳо бештар ба чашм мехӯрад, иродати вижаи ҳайатҳое аст, ки назр кардаанд бо пазироӣ аз сӯгворони ҳусайнӣ ( а ) ба зоирон хизматрасонӣ кунанд.

Имсол дар Карбало беш аз ҳазору ҳафтсад мукиб(хайма) роҳандозӣ шудааст ва мукибҳо то рӯзи чаҳордаҳуми моҳи муҳаррам ба зоирони ҳусайнӣ ( а ) хизмат мекунанд.

Барчасп