Июл 26, 2023 11:46 Asia/Dushanbe
  • Асад: Пофишории Русия бар мавозеи худ дар қиболи Амрико ва Ғарб навиддиҳандаи таваллуди ҷаҳоне чандқутбӣ аст
    Асад: Пофишории Русия бар мавозеи худ дар қиболи Амрико ва Ғарб навиддиҳандаи таваллуди ҷаҳоне чандқутбӣ аст

Раиси ҷумҳурии Сурия бо баёни ин ки Амрикову Ғарб аз Украина ба унвони абзоре барои расидан ба аҳдофашон истифода мекунанд, гуфт: Буҳрони сиёсиву иқтисодии мавҷуд дар ҷаҳон сохтаву пардохтаи Амрико ва Ғарб аст.

Башор Асад дар дидори Александр Ловрентев, фиристодаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия афзуд: Амрикову Ғарб ин буҳронро ба манзури бесуботӣ дар ҷаҳон ва коҳиши ҷойгоҳи Русия ва ҳузури байналмилалии он ба вуҷуд оварданд, вале осори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маишатии ин буҳрон дар кишварҳои онҳо амиқтар шуд.

Асад гуфт, пофишории Русия бар мавозеи худ дар қиболи Амрико ва Ғарб навиддиҳандаи таваллуди ҷаҳоне чандқутбӣ аст ва ин ҳамон чизе аст, ки ҳамаи миллатҳову давлатҳои пойбанд ба қавонини байналмилалӣ, ки аз истиқлолу ҳокимияти миллӣ ва манофеи худ дифоъ мекунанд, хостори он ҳастанд.

 

Барчасп