Июл 31, 2023 14:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳания: Озодии зиндониёни сиёсӣ хостаи ҳамаи мо аст
    Ҳания: Озодии зиндониёни сиёсӣ хостаи ҳамаи мо аст

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос хостори озодии зиндониёни сиёсӣ аз зиндонҳои ташкилоти худгардони Фаластин ва канор гузоштани ихтилофот миёни фаластиниҳо шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Фаластини Алявм, Исмоил Ҳания дар нишасти дабирони кулли гуруҳҳои фаластини гуфт: Режими ишғолгар дар замони кунуни аз шикофи дохилии бесобиқа равобити муташаниҷи байналмилалӣ, нотавони дар шикасти иродаи миллати Фаластин ва ҳамчунин ташдиди муқовимат ранҷ мебарад.

Ҳания афзуд: Мутолебаи бародарони фаластинӣ дар ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ мабни бар озодии боздоштшудагон ба иттиҳоми ширкат дар муқовимат дар баробари режими ишғолгар ва ё ба далели вобастагии сиёсӣ хостаи ҳамаи мо аст ва онро тайид мекунем.

Раиси дафтари сиёсӣ ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин таъкид кард идомаи бозшоти сиёсӣ тавҳини амиқ ба ҳамаи мо аст ва руйкарди муқовимат ва инқилобии аст ки растагории миллати Фаластинро дар он мебинем.

Ҳания дар идома хостори барномарезии муносиби миллӣ барои тақвияти пойдори аҳолии Қудси ишғоли ва ҳимоят аз размандагони муқовимат дар Каронаи бохтари шуд.