Август 05, 2023 18:10 Asia/Dushanbe
  • Ҷилавгирӣ аз бозсозии Сурия; ҳадафи ҳамалоти мукаррари режими саҳюнистӣ

Масъули равобити арабӣ ва байналмилалии Ҳизбуллоҳи Лубнон, ҷилавгирӣ аз бозсозии Сурияро ҳадафи ҳамалоти мукаррари режими саҳюнистӣ ба ин кишвар донист.

Режими Исроил дар солҳои ахир борҳо ба Димишқу манотиқи мухталифи Сурия ҳамла ҳавоӣ карда, ки бо раҳгирии ба мавқеи падофанди ҳавоии Димишқ дар бештари мавоқеъ, ин ҳамалот дафъ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Ал Аҳди Лубнон, Саидаммор Ал Мусавӣ, бо маҳкӯм кардани ҳамалоти мукаррари саҳюнистҳо ба Сурия гуфт, ҳамалоти мукаррари режими саҳюнистӣ ба Сурия, бидуни посух нахоҳад буду Димишқ дӯстоне дорад, ки моиланд масъулияти ин корро, ки бар дӯши раҳбарон Сурия аст бар ӯҳда бигиранд.

Вай афзуд, дӯстони Сурия ҳамаи талошу имконоти худро дар ҳимоят аз муқовимату пойдории ин кишвар басиҷ кардаанду имкони ҳамкориҳои бештар бо мақомоти Сурия вуҷӯд дорад.

 

Барчасп