Таъарузи муҷадади режими саҳюнистӣ ба хоки Лубнон
Бархе манобеъ аз таъарузи муҷадади режими саҳюнистӣ ба хоки Лубнон ва насби девори битони дар дохили сарзамини ин кишвар хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Алмаёдин режими ишғолгари саҳюнистӣ деворҳои битониро дар наздикии минтақаи Баъсоил дар минтақаи Кфаршуба дар сарзаминиҳои озодшудаи Лубнон сохта аст.
Манобеъи низомии Лубнон низ тайид карданд деворҳои битони, ки тавассути артиши режими ишғолгар дар Кфаршуба сохта шуда аст дар дохили заминҳои озодшудаи Лубнон қарор дорад.
Дар ҳамин росто давлати Лубнон зидди ин иқдоми режими ишғолгари саҳюнистҳо ба қуввахои муваккатии ташкилоти давлатхои муттахида дар Лубнон шикоят кард ва хостори бардоштани ин девори битони шуд.