Гомҳои таҳрикомези ҷадиди Амрико дар минтақа
Амрико дар гомҳои дар ҷиҳати танишзудоӣ дар минтақа аз пайвастани теъдоди аз малавон ва сарбозони амрикоӣ ба новгони панҷуми худ дар Баҳрайн хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс новгони панҷуми неруи дарёӣ Амрико имруз душанбе 7 август аз вуруди беш аз 3000 малавон ва сарбози амрикоӣ ба ғарби Осиё дар чорчуби тарҳе, ки пештар Вазорати дифоъи Амрико онро эълом карда буд хабар дод.
Бархе нозирони сиёсӣ ин иқдоми Амрикоро гоми танишзо ва мухолифи сулҳ ва суботи минтақа тавсиф ва онро ба зарари минтақа арзёби карданд.
Амрикоиҳо ҳамчунин ду новшикани амрикоиро бо новҳои худ дар минтақа мустақар карданд ва то битавонанд тангаи Ҳурмуз ва Халиҷи Уммонро аз ҳаво ва дарё бо теъдоди бештари шиновари дарёӣ ва ҳавоӣ пушиш диҳанд амре ки солҳо минтақа шоҳиди он набуда аст.
Амрико дар ҳоли талош мекунад иқтидори намоишии худро дар Халиҷи Форс барух бикашад ки бар асоси қавонини байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳақи дифоъи машруъ аз амният ва манофеъи худ дар обҳои сарзаминиро доро аст ва исрор бар обҳои озод хондани ин манотиқ бо қавонини байналмилали дар бахши дарёнаварди дар таноқуз аст.