Декабр 27, 2016 18:58 Asia/Dushanbe
  • Кумаки молии Арабистон ба террористҳо дар Сурия

Арабистон 100 миллион риёли Саудӣ барои куштори мардуми Сурия ба террористҳо дар ин кишвар медиҳад.

Пойгоҳи хабарии “Оҷил”-и Сурия имрӯз гузориш дод, Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистон дастур дод, маъракае дар саросари Арабистон барои ончи кумак ба мардуми Сурия хонда шуда, ташкил шавад. Ин пойгоҳи хабарии сурӣ ҳамчунин фош кард, маблағи 100 миллион риёли Саудӣ ба унвони кумак ба оворагони Сурия, барои хариди силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ барои террористҳо ихтисос дода шудааст.

Ҳамчунин бар асоси баёнияе, ки девони подшоҳии Арабистон рӯзи душанбе мунташир кард, Муҳаммад ибни Ноиф, валиаҳди ин кишвар 10 миллион риёл ва Муҳаммад ибни Салмон, вазири дифои Арабистон 8 миллион риёл ба ин маърака кумак кардаанд .

Арабистон аз оғози буҳрони Сурия дар соли 2011 бо унвони кумакҳои башардӯстона, анвои силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ барои гурӯҳҳои террористӣ ва мухолифони давлати Сурия ирсол кардааст.

Артиши Сурия чанде пеш дар амалиёти озодсозии шаҳри Ҳалаб аз ишғоли террористҳо таҷҳизоти низомӣ ва пизишкии Арабистон ва Қатарро дар ин минтақа кашф ва тасовири онро аз телевизион пахш кард .

Арабистон ба тозагӣ талош кардааст, ки мушакҳои град ва сомонаи мушакӣ барои террористҳо дар Сурия ирсол кунад, Одил Алҷабир, вазири умури хориҷаи Арабистон пеш аз озодии Ҳалаб эълом карда буд, ки Арабистон метавонад сомонаи дифои мушакӣ ва таҷҳизоти мавриди ниёзи террористҳоро таъмин кунад .

 

Барчасп