Август 25, 2023 16:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос : Ҳеҷ замонатеро аз душмани саҳюнистӣ намепазирем

Сухангӯи Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) гуфт : Ҳеҷ боварие ба ишғолгарони саҳюнистӣ ва ваъдаҳои онҳо надорем.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз расонаҳои фаластинӣ, Ҳозим Қосим-сухангӯи ҷумбиши Ҳамос дар вокуниш ба замонати бархе миёнҷиҳо барои террор нашудани сарони муқовимати Фаластин тавассути режими саҳюнистӣ гуфт : Муқовимат посухи ҷиноёти режими саҳюнистро хоҳад дод.
Қосим тасреҳ кард : Миёнҷиҳо оромишу буҳронӣ нашудани авзоъро хостор ҳастанд, вале бо вуҷуди кабинаи тундрави режими саҳюнистӣ ин талошҳо ба натиҷа намерасад .
Ин мақоми Ҳамос афзуд : Режими саҳюнистӣ масъӯляти амалиётҳо дар Карона бохтари руди Урдунро мутаваҷҷеҳи сарони Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ дар Ғазза ва Лубнон медонад ва сарони муқовимат таҳдидоти душмани саҳюнист ба вижа пас аз ташдиди амалиётҳои муқовиматӣ дар Каронаи бохтариро ба шиддат посух хоҳанд дод .
Қосим тасреҳ кард : Гуруҳҳои муқовимати Фаластин ба манзури омодагӣ ҷиҳати ҳар гуна ҳамла ва ҷинояти эҳтимолии душмани саҳюнистӣ пойгоҳҳо ва мақарҳои аслии худро тахлия карданд.
 

 

Барчасп