Август 27, 2023 13:02 Asia/Dushanbe
  • Сурия иддаоҳои Фаронса ва Амрико зидди ин кишварро маҳкум кард
    Сурия иддаоҳои Фаронса ва Амрико зидди ин кишварро маҳкум кард

Вазири хориҷаи Сурия дар баёнияи иддаоҳои Вазорати хориҷаи Фаронса ва сухангуи шурои амнияти миллии Амрико дар бораи истифодаи Димишқ аз силоҳи шимёи дар соли 2013-ро маҳкум кард.

Вазорати хориҷаи Фаронса ва сухангуи шурои амнияти миллии Амрико дар баёнияе иддао карда буданд давлати Сурия дар соли 2013 аз силоҳи шимёӣ зидди аҳоли Алғутаи шарқи дар Димишқ истифода карда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории расмии Сурия Соно, Вазорати хориҷаи Сурия шанбе шаб дар баёнияи эълом кард иддаоҳои Амрико ва Фаронса дар идомаи гумроҳсози ва дуруғпардозии онҳо ва муиди мушорикати ду кишвар ва дигар кишварҳо дар тароҳи ин ҷинояти ваҳшиёна ва мушорикати комил дар таҷовузоти террористӣ мустақим ва ғайри мустақим зидди Сурия аст.

Вазорати хориҷаи Сурия ҳамчунин мавозеъи Фаронса ва Амрико мабни бар сарпуш  гузоштан бар масъулияти худ ва диар кишварҳо дар ҳимоят аз гуруҳҳои террористӣ ва даст доштани онҳо дар таҷҳизи ин гуруҳҳо ба мавод ва силоҳи шимоӣ мавриди истифода дар ҳаводиси Сурияро маҳкум кард.

Сурия дар ин баёния бар зарурияти  муохизаи масъулони фаронсавӣ ва амрикоӣ ва муттаҳидони онҳо ба далели ҳимоят аз гуруҳҳои террористӣ дар Сурия таъкид шуда аст.

Барчасп