Истиқрори неруҳои басиҷи мардумии Ироқ барои таъмини амнияти маросими Арбаъин
(last modified Mon, 28 Aug 2023 13:09:28 GMT )
Август 28, 2023 18:09 Asia/Dushanbe
  • Истиқрори неруҳои басиҷи мардумии Ироқ барои таъмини амнияти маросими Арбаъин
    Истиқрори неруҳои басиҷи мардумии Ироқ барои таъмини амнияти маросими Арбаъин

Неруҳои басиҷи марудмии Ироқ дар саҳрои ғарби Карбалои Муъало ба манзури таъмини амнияти зоирон ва муҳофитаз аз амнияти онҳо мустақар шуданд.

6 сентябри соли 2023 Арбаъини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусейн(а) имоми севуми шиъаёни ҷаҳон ва ёрони бовафои ишон дар саҳрои Карбало аст ва зоирон дар ин руз барои ҳузур дар маросими Арбаъини ҳусейнӣ вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алғадир неруҳои басими мардумии Ироқ дар саҳрои ғарби Карбалои Муъало мустақар шуданд ҳадаф аз истиқрори ин неруҳо таъмини амнияти зоирон ва муҳофизат аз амнияти онҳо аст зоироне, ки барои баргузории маросими зиёрати Арбаъини ҳусейнӣ ба тарафи Карбалои Муъало дар ҳоли ҳаракат ҳастанд.

Миллионҳо шиъа аз Ироқ ва дигар кишварҳо ҳарсола маросими эҳёи Арбаъини ҳусейниро дар сояи тадобири амниятии шадид дар устони Карбало баргузор мекунанд.