Август 30, 2023 12:50 Asia/Dushanbe
  • Тааррузи ашғолгарони саҳюнист ба Масҷидулақсо

Даҳҳо шаҳракнишини ишғолгари саҳюнист бори дигар ба Масҷидулақсо таарруз карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Идораи авқофи исломии Қудс рӯзи сешанбе эълом кард, шаҳракнишинони ишғолгар аз самти Бобулмағориба таҳти ҳимояти неруҳои полиси режими саҳюнистӣ ба Масҷидулақсо таарруз карданд.

Шаҳракнишинон пас аз таарруз ба Масҷидулақсо дар муҳавватаҳои мухталифи он қадамзанӣ карда ва маносики талмӯдиро дар минтақаи Бобулраҳма баргузор карданд.

Ҳамзамон бо тааррузи шаҳракнишинон ба Масҷидулақсо, низомиёни полиси режими саҳюнистӣ тадобири амниятии шадидеро дар муҳавватаҳои Масҷидулақсо ба иҷро гузошта ва монеъ аз вуруди шумори зиёде аз намозгузорон ба ин масҷид шуданд.