Вуқӯъи ҳодисаи амниятӣ дар фурудгоҳи Тел-Авив
Манбаъи расонаӣ аз вуруди як мазнуни амниятӣ ба фурудгоҳи Тел-Авив хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Форс, ба нақл аз расонаҳои режими мувақати саҳюнистӣ, дар пайи ин ҳодисаи амниятӣ дар фурудгоҳи Бен Гуриони Тел-Авив, полис ва нерӯҳои амниятӣ аз мусофирон дар дохили терминолҳо хостанд, ки фавран руйи замин дароз бикашанд.
Дар ин гузориш омадааст, як мазнуни амниятӣ ба сурати ғайри маҷҷоз вориди фурудгоҳи Бен Гурион шуда ва садои тирандозӣ шунида шудааст.
Расонаҳои саҳюнистӣ гузориш доданд, дар пайи ин иқдом, вазъияти изтирорӣ дар фурудгоҳ фаъол шуд, хурӯҷиҳо ва вурудиҳои терминол баста шуд.
Бар пояи ин гузориш, дақиқае баъд эълом шуд, ки манзнун як шаҳракнишини навҷавон аз шаҳраки "Шихим" буда, ки бо худраве сайъ доштааст, ки вориди фурӯдгоҳ шавад, ки боздошт шуд.
Чанди пешт низ нерӯҳои амниятии режими мувақати саҳюнистӣ аз кашфи як бомб дар фурудгоҳи Бен Гурион хабар дода буд.
Бештар бихонед:
- Ҳамлаи мушакии муқовимат ба Тел -Авив/ Фурудгоҳи Бен Гурион таътил шуд
-
Сӯхтор дар наздикии фурудгоҳи "Бин Гурион" дар Фаластини ишғолӣ