Интиқоди узви баландпояи Ансоруллоҳи Яман аз ҳузури неруҳои Амрико дар Яман
(last modified Fri, 01 Sep 2023 14:03:37 GMT )
Сентябр 01, 2023 19:03 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди узви баландпояи Ансоруллоҳи Яман аз ҳузури неруҳои Амрико дар Яман

Узви дафтари сиёсии Ансоруллоҳи Яман гуфт:Ҳузури неруҳои Амрико дар Яман боиси ташдиди таниши низомӣ мешавад.

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Алӣ Алқаҳум-узви дафтари Ансорулоҳи Яман рӯзи ҷумъа гуфтузури амрикоиҳо нишонаи хатарнок ва марҳилаи ҷадиде аз таҷовузоту муҳосира ва нишондиҳандаи ниятҳои пинҳон ва омодагӣ барои марҳилаи баъдии ташдиди таниши низомӣ аст.
Узви дафтари сиёсии Ансоруллоҳ афзуд неруҳои Амрико низ барои эҷоди таъодули байни саъӯдиҳову иморотиҳо ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна бархурде омаданд.
Алқаҳум гуфт: Ҳузури низомии Ғарб баёнгари равандии фаъол барои ҳузур дар манотиқи роҳбурдӣ ва муҳим дар Яман ва минтақа аст.
Пештар расонаҳои яманӣ аз вуруди шуморе аз низомиёни Амрико ба манотиқи шарқии Яман хабар дода буданд.
Меҳдии Алмашотӣ-раиси Шӯрои олии сиёсии Яман низ бо ҳушдор ба низомиёни амрикоӣ ва англисӣ дар хоки ин кишвар гуфта буд : Яман хати қирмизи мо аст.
Дар рӯзҳои ахир низ манобеи огоҳи яманӣ аз тавтеъаи ҷадиди неруҳои вижаи ишғолгари Англия барои сохти як пойгоҳи низомӣ дар шарқи Яман хабар дода ва эълом карданд неруҳои вижаи Англия бо ҳимояти аносири муздӯри дохилӣ дар Яман мустақар шудаанд .