Толибон сухти бекайфияти Туркманистонро пас фиристод
Сентябр 10, 2023 13:21 Asia/Dushanbe
Ҳукумати Толибони Афғонистон дар чаҳор моҳи гузашта даҳҳо дастгоҳи тонкери сухти бекайфиятро ба Туркманистон бозгардонда аст.
Идораи миллии стандарти ҳукумати Толибони Афғонистон рузи якшанбе дар баёнияи бо таъкид бар назорати дақиқи ин идора бар муштақоти нефтии воридшуда ба кишвар эълом кард дар чаҳор моҳи гузашта 80 дастгоҳи тонкери ҳомили нефту гази бекайфияти Туркманистонро аз марзи Ҳиртон ба ин кишвар бозгардонда аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ово идораи миллии стандарти ҳукумати Толибон чанд руз қабл низ эълом карда буд, ки беш аз 80 дарсади тонкерҳои маводи нефти бекайфиятро ба Узбакистон бозгардона аст.
Барчасп