Сентябр 11, 2023 14:35 Asia/Dushanbe
  • Юриши низомиёни саҳюнистӣ ба ҷануби Каронаи Бохтарӣ
    Юриши низомиёни саҳюнистӣ ба ҷануби Каронаи Бохтарӣ

Манобеъи хабари бомдоди душанбе гузориш доданд, шумори зиёде аз нерӯҳои артиши режими ишғолгар ба шаҳраки «Аззун» воқеъ дар ҷануби Каронаи Бохтарӣ юриш бурданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, ҷавонони фаластинӣ ва нерӯҳои муқовимати Фаластин бо юриши саҳюнистҳо муқобила ва ба самти низомиёни ишғолгар бобҳои дастсоз партоб карданд, ки мунҷар ба захмӣ шудани як низоми шудааст.

Низомиёни саҳюнистӣ ҳамчунин ба рустоҳое воқеъ дар шимолу шарқи Рамаллоҳ ва минтақаи Алсур дар шаҳр  Ал-Халила юриш бурданд ва бо фаластиниён даргир шуданд.

Юриши  шабонаи низомиёни саҳюнистӣ ба ҷануби Каронаи Бохтарӣ дар ҳоле аст, ки расонаҳои саҳюнистӣ якшанбе шаб гузориш доданд, мақомоти амниятии ин режим, нигарони вуқӯъи ҷаддиди амалиёти нерӯҳои муқовимати Фааластин ҳастанд.

Бар асоси баровардҳои мақомоти амнияти режими  саҳюнистӣ эҳтимоли зиёд вуҷҷӯд дорад, ки мавҷи баъдии амалиёти муқовимати Фаластин ба Ал-Халила ва Қудси ишғолӣ мутамаркиз шавад.

Шароити ин рӯзҳои сарзамини ишғолӣ ва ба таври хос дар Каронаи Бохтарӣ бисёр вижа аст.