Даргирии мусалаҳонаи муқовимат бо саҳюнистҳо дар Ҷанин ва Ариҳо
Сентябр 11, 2023 18:02 Asia/Dushanbe
Манобеъи фаластинӣ аз юриши густардаи низомиёни саҳюнист ба урдугоҳи Ақабату Ҷабар дар шаҳри Ариҳо ва даргирии шадиди онҳо бо муборизони фаластинӣ хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Меҳр манобеъи фаластинӣ субҳи имруз душанбе аз юриши густардаи неруҳои вижаи артиши саҳюнистӣ ба урдугоҳи Ақабату Ҷабар дар Ариҳо хабар доданд.
Ҳамзамон бо ин юриш муборизони муқовимат бо ишғолгарони саҳюнист вориди даригии мусалаҳҳонаи шадиди шуданд.
Бар асоси эъломи манобеъи маҳали дар ин даргириҳо як ҷавони фаластинӣ ба зарби гулулаи саҳюнистҳо захми ва ба бемористон мунтақил шуда аст.
Манобеъи фаластинӣ ҳамчунин аз даргирии муборизони муқовимат бо низомиёни саҳюнист дар ҷараёни юриши онҳо ба Ҷанин хабар доданд.