Вуруди сутунии аз низомиёни амрикоӣ аз Сурия ба Ироқ
Манобеъи ироқӣ аз вуруди сутунии низомиёни ҷадид аз низомиёни амрикоӣ аз тарафи Сурия ба Ироқ хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз расонаҳои ироқӣ ин сутуни низомӣ аз неруҳои амрикоӣ аз тариқи гузаргоҳи Фишхобур аз тарафи минтақаи Курдистони Ироқ вориди сарзаминҳои Ироқ шуданд.
Ин дар ҳоли аст, ки неруҳои амрикоӣ дар Сурия дар ду рузи гузашта дар маҷмуъ 95 нефткаши нефти хомро бо истифода аз ду корвони мухталиф аз ин кишвар хориҷ карданд.
Манобеъи дар устонҳои Алҳасака рузи якшанбе ба расонаҳои маҳали гуфтанд, ки 40 тонкер нефти хом аз майдонҳои нефтии Алҷазира бо истифода аз гузаргоҳи ғайриқонунии марзи Маҳмудия ба Ироқ мунтақил шуд.
Ин манобеъ ҳамчунин гуфтанд, ки як корвони ҷудогона муташакил аз 55 нефткаш он ҳам аз майдонҳои Алҷазира аз ҳамон гузаргоҳ қочоқ шуда аст.