Сентябр 12, 2023 19:18 Asia/Dushanbe
  • Идомаи тахриби чодар ва хонаҳои мардуми Фаластин
    Идомаи тахриби чодар ва хонаҳои мардуми Фаластин

Режими ишғолгари саҳюнистӣ ҳамчунон ба тахриб танҳо сарпаноҳи фаластиниён дар сарзамини модарияшон идома медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон кобинаи тундрав ва рости ифротии Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ бо ҳадафи кучи иҷбории фаластиниён ва саҳюнисти кардани манотиқи мухталифи сарзамини Фаластин сиёсати тахриби манзилҳои фаластиниён ва дигар сарпаноҳи онҳоро идома медиҳад.

Низомиёни саҳюнистӣ дар ҷадидтарин иқдомот зидди фаластиниён барои дусаду бистуякумин бор чодарҳои зиндагии мардуми Фаластин ва араби сокини рустои Алароқиб дар минтақаи Алнақаб ҷануби фаластини ишғоли тахриб карданд.

Тахриби ин чодарҳои фаластинӣ дар шароити анҷом мешавад, ки дар гармои минтақаи Алнақаба ҷодари танҳо сарпаноҳи онҳо аст ва бо тахриби он зиндаги беш аз пеш бар сокинони ин русто сахт мешавад.

Илова бар ин режими саҳюнистӣ дар манотиқи мухталифи Каронаи Бохтари руди Урдун аз ҷумла Қудси ишғолӣ ҳам сиёсати тахриби манозили фаластиниёнро пайгири мекунад то таркиби ҷамъиятии ин минтақаро ба нафъи саҳюнистҳо тағир диҳад.

Ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ зидди мардум бегуноҳ ва мазлуми Фаластин дар сояи сукути ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башари идома дорад ва ин руйкарди саҳюнистҳо  ҳар руз абъоди ҷадидтари пайдо мекунад.

Барчасп