Сентябр 17, 2023 11:08 Asia/Dushanbe
  • Дастгири саркардаи ДИИШ дар минтақаи Курдистони Ироқ
    Дастгири саркардаи ДИИШ дар минтақаи Курдистони Ироқ

Шурои амнияти минтақаи Курдистони Ироқ аз дастгирии яке аз аъзои гуруҳи террористии ДИИШ дар ин минтақа хабар дод.

Ба гузориши шабаркаи " Rudaw" шурои амнияти минтақаи Курдистони Ироқ шанбешаб дар баёнияи эълом кард фарди мавсум ба Зайдон халифаи Аҳмад Матар ва мулақаб ба Абулайло ки вазифаи амири ДИИШ-ро баруҳда дошт дастгир карда аст.

Дар баёнияи шурои амнияти минтақаи Курдистони Ироқ омада аст бар асоси асноди иттилоъти, ҷамоварии иттилоъоти дақиқ ва саҳеҳ ва тайи як амалиёти амнияти дар 6 сентябри соли 2023 як саркардаи созмони террористии ДИИШ дастгир шуд.

Абулайло вазифаи амири минтақа Саъд ибни Абивақос дар устони мавсум ба Деҷлеи ДИИШ-ро бар уҳда дошт.

Аз суи дигар ягони аз типи Ҳашдушаъби амалиёти амниятиро дар ҷазираи воеъ байни устони Аланбор ва Салоҳиддин анҷом дод.

Алҳашдушаъби таъкид кард ин амалиёт мунҷар ба кшафи як махфигоҳ шуд, ки тавассути боқимондаҳои ДИИШ аз он истифода мешуд.

Барчасп