Захмишудани 30 фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист
(last modified Sun, 17 Sep 2023 08:46:32 GMT )
Сентябр 17, 2023 13:46 Asia/Dushanbe
  • Захмишудани 30 фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист
    Захмишудани 30 фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист

Дар пайи юриши низомиёни саҳюнист ба ҷануби Ноблус воқеъ дар Каронаи Бохтари рудуи Урдун 30 фаластини захми шуданд.

Ба гузориши хабаргузории фаластинии Само низомиёни саҳюнист дар шаҳраки Бито воқеъ дар ҷануби Ноблус ҳамла карда ва бо ҷавонони фаластинӣ даргир шуданд.

Ҳилоли Аҳмари Фаластин эълом кард дар пайи даргири байни низомиёни саҳюнист ва фаластиниён дар Бито 30 фаластинӣ захми шуданд.

Бар асоси ин гузориш низомиёни саҳюнист ба рустои Забубо воқеъ дар ғарби Ҷанин ва минтақаи Кафарқудум воқеъ дар шарқи Қалқилия низ ҳамла карда ва фаластиниён даргир шуданд.

Саҳюнистҳо барои дастёби ба аҳдофи тавсеаталабонаи худ рузона ба манотиқи мухталифи Фаластин ҳамла ва фаластиниёнро бо иддаоҳои воҳи боздошт мекунанд.