Нишасти сеҷонибаи Афғонистон, Узбекистон ва Иморот дар Кобул
Нишасти сеҷонибаи Афғонистон, Узбекистону Иморот бо ҳадафи тавсеаи равобити тиҷорӣ дар Кобул баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садои афғон (Ово), дар нишасти сеҷонибаи Кобул, ки рӯзи шанбе бо ҳузури намояндагони бахши ҳамлу нақл, энержӣ ва маъдани Афғонистон, Узбекистону Иморот баргузор шуд, Имомиддид Аҳмадӣ, сухангӯи Вазорати ҳавонавардии ҳукӯмати Толибон гуфт, Кобул алоқаманд ба истифода аз таҷрибиёти кишварҳои дӯст барои тавсеаи маодин, ҳамлу нақл ва ҳамчунин иттисоли масири рейлии Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ аз тариқи Афғонистон аст.
Моҳи гузашта низ як ҳайати баландпояи узбекистонӣ бо сафар ба Афғонистон аз гузаргоҳи марзии "Турхам" боздиду омодагии худро барои тавсеаи бахши ҳамлу нақли Афғонистон эълом карда буд.