Аз байнбурдани доллар дар муъомилоти дохилии Ироқ
Раиси бонки марказии Ироқ эълом кард ин кишвар аз соли оянда тамоми мубодилоти тиҷории дохилии худро бо истифода аз динори ироқӣ ба ҷои доллар анҷом медиҳад.
Ба гузориши хабаргузории расмии Ироқ Воъ, Алӣ Алаълоқ раиси бонки марказии Ироқ изҳор дошт: Соли оянда шоҳиди анҷоми муъомилоти тиҷории дохили ва ғайра ба динор хоҳад буд.
Алъалоиқ бо ишора ба иқдомоти бонки марказии ин кишвар барои кантроли таварум афзуд: Вуруди бештари бозаргонон ба каналҳои расмии нақлу интиқол ва ироаи доллар ба нархи як ҳазору 320 динор сабаби контроли сатҳи умумии нархҳо ва коҳиши нархи таварум шуда аст.
Алъалоиқ гуфт бонки маркзаии Ироқ дар соли оянда аз нақлу интиқолоти арзи хориҷи худдори мекунад ва амалиёти нақлу интиқоли хориҷи ба бонкҳои дороӣ муҷавиз дар ин кишвар меҳвал мешавад.
Раиси бонки марказии Ироқ ҳамчунин таъкид кард: Ин иқдом пас аз тавофуқи байни бонки марказии Ироқ ва бонки федероли Амрико иттихоз шуда аст ҳамонанди дигар кишварҳои ҷаҳон, ки бонкҳои марказии онҳо кори иҷрои анҷом диҳанд ва нақши онҳо бар назорат ва кантрол мутамаркиз аст.