Октябр 01, 2023 11:38 Asia/Dushanbe
  • Идомаи эътирозот зидди лоиҳаи ҷанҷолии тағироти қазои кабинаи Натаняҳу
    Идомаи эътирозот зидди лоиҳаи ҷанҷолии тағироти қазои кабинаи Натаняҳу

Ҳазорон саҳюнисти бори дигар дар эътироз ба тасвиби лоиҳаи ҷанҷолии кабинаи Натаняҳу дарбора тағироти қазоӣ тазоҳурот карданд.

Ба гузориши ИРНА ҳазорон нафар аз шаҳрак нишинон шанбеи шаб дар сивунуҳумин ҳафтаи эътирозии худ зидди кабинаи Натаняҳу бори дигар ба хиёбонҳои Телавив дигари манотиқи Фаластини ишғолии омадау хашми худро аз тасвиби лоиҳаи ҷанҷолии тағироти қазоӣ иброз карданд .

Шаҳракнишинон дар ҳафтаҳои гузашта дар даҳҳо шаҳр аз шимол то ҷануби Фаластини ишғолӣ аз ҷумлаи Телавив, Ҳайфа, Қудси ишғолӣ, Беэр Шева, Ли Шон Эцуи ва  Герцлия зидди  кабинаи рости ифротии Натаняҳу ва тағироти дастгоҳи қазои режими саҳюнистӣ тазоҳурот карданд .

Дар  тарҳи кабинаи Натаняҳу мавсӯм ба лоиҳаи тағироти қазоӣ аз ихтиёроти дастгоҳи қазои коста ва дар муқобили қудрату ҷойгоҳи қувваи муҷрияу муқаннана дар ин режим тақвият хоҳад шуд .

Талоши кабинаи ҳоким бар режими саҳюнистӣ барои тасаллут бар дастгоҳи қазои ин режиму муқовимати эътилофи мухолифон дар Кнессет гусасти сиёсӣ дар ин режимро ташдид кардааст.

Барчасп