Идомаи дуздии нафти Сурия аз суи ишғолгарони Амрикоӣ
Артиши Амрико дар шабонаи рӯзи гузаштаи 95 танкери нафти Сурияро аз маёдини нафтии ин кишвар ба сирқат бардааст.
Бо шикасти гуруҳи террористии ДИИШ ба унвони бозуи Низомии Амрико дар Сурия дар сптомбр2017 ، неруҳои Амрикое мустақиман ҷойгузин онҳо шуданду дақиқан аз ҳамон замон низ ба ҷои ДИИШи шурӯ ба истихроҷу сирқати нафту манобе Сурия карданд .
Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия артиши Амрикои 70 танкери нафти Сурияро аз гузаргоҳи ғайриқонӯнии Алмаҳмудия ва 25 танкери нафтро низ аз тариқи гузаргоҳи ғайриқонӯнии Алвалид дар ҳумаи яърибия воқеъ дар устони Ҳасака ба хоки Ироқ барои интиқол ба пойгоҳҳои худ қочоқ кард.
Дар ин гузориш омадааст ишғолгарони амрикоӣ маёдин ва чоҳҳои нафт дар ҷануби Алҳасака ва майдони нафтии Алҳасака дар Рамилон дар шимоли шарқи устони Ҳасака ва низ чоҳи нафтии Ал-улумр ба унвони бузургтарин майдони нафтии Сурияро дар ишғол худ доранд ва муддатҳост, ки ба дуздии нафти Сурия машғӯл ҳастанд.
Аз сӯи дигар неруҳои артиши Амрико ба таври мудовим дар ҳоли тақвияти пойгоҳҳои ғайриқонунии худ дар минтақаи Алҷазӣраи Сурия ҳастанд.
Манотиқи таҳти ишғоли неруҳои Амрикоӣ ва шабакаи низомиёни мавсӯм ба неруҳои демукротики Сурия таҳти ҳимояти онҳо дар Ал-ҳасака ва дигари манотиқи шимолии Сурия, ҳамвора шоҳиди эътирозоти шаҳрвандони сурӣ ба ҳузури иқдомоти террористии ишғолгарон ва шабаҳи низомиёни зидди сокинони ин манотиқ аст.
Давлати Сурия борҳо таъкид карда ки ин шабаҳи низомиёни Амрикоӣ дар шарқу шимоли шарқи Сурияи ҳадафии ҷузи ғорати нафт надоранд ва ҳузури онон ғайриқонунӣ аст.