Октябр 05, 2023 12:06 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудан беш аз 70 фаластинӣ дар Наблос
    Захмӣ шудан беш аз 70 фаластинӣ дар Наблос

Ҳилоли аҳмари Фаластин эълом кард, беш аз 70 фаластинӣ дар пайи юриши саҳюнистҳо ба Наблос захмӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон 72 фаластинӣ дар пайи юриши шаҳракнишинони саҳюнист ба ҳамроҳи низомиёни режими ишғолгар ба Наблоси воқеъ дар шимоли Каронаи Бохтарӣ захмӣ шуданд.

Дар ин гузориш омадааст шаҳракнишинони саҳюнист ба ҳимояти низомиёни режими ишғолгар ба мақбараи Юсуфи паёмбар(а) дар шарқи Наблоси юриш бурданд.

Бар асоси ин гузориш неруҳои муқовимати Фаластин бо шиллики бастаҳои инфиҷори ва бомбҳои оташзо ба муқобила бо саҳюнистҳо пардохтанд.

Бар пояи ин гузориш артиши режими саҳюнистӣ эълом кард як дастгоҳи булдузири низомиёни ин режим дар пайи ҳамлаи шумори аз фаластиниён бо бомбҳои оташзо ба самти он оташ гирифтааст.

Барчасп