Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дастури муҳосираи комили Ғаззаро содир кард
Ёав Галант вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар пайи идомаи нокомиҳо дар баробари муқовимати Фаластин дастур дод навори Ғазза ба сурати низомии комилан таҳти муҳосира қарор гирад.
Ба гузориши Алҷазира, Ёав Галант вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дастури муҳосираи комили Ғаззаро содир кард.
Бархе манобеи фаластинӣ гузориш доданд ин дастури Галант бо ҳадафи қатъи комили обу барқ дар навори Ғазза содир шуд то дар ниҳоят бо истифода аз ин ҳарба муқовимати Фаластинро ба таваққуф пешравиҳои худ дар арозии ишғолӣ водор кунанд.
Гуфтани аст амалиёти Туфони алақсо дар вокуниш ба таҷовузоти мудовими режими саҳюнистии зидди асирони фаластинӣ ва ҳамчунин таъаррузоти шадиди зидди Масҷидулақсо қиблаи аввали мусулмонони ҷаҳони анҷом шудааст, ки тайи он садҳо саҳюнисти кушта ва захмӣ шудаанд.
Дар вокуниш ба ин амалиёти режими саҳюнистӣ бори дигари ҳамалоти дадманишонаи худ ба аҳдофи ғайри низомӣ дар Ғаззаро оғоз карда ва токунун садҳо зану кудаки фаластиниро ба хокухун кашида аст.