Таълиқи парвози хутути ҳавоии Туркия ба сарзаминҳои ишғолӣ
(last modified Wed, 11 Oct 2023 05:53:15 GMT )
Октябр 11, 2023 10:53 Asia/Dushanbe
  • Таълиқи парвози хутути ҳавоии Туркия ба сарзаминҳои ишғолӣ

Хутути ҳавоии Туркия дар пайи оғози амалиёти «Тӯфони Ал Ақсо» ва ҳамчунин ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза, парвозҳои худ ба сарзаминҳои ишғолиро таълиқ кард.

Амалиёти «Тӯфони Ал Ақсо», ки аз рӯзи шанбе бо ҳамлаи густардаи неруҳои муқовимат ба шаҳракҳои саҳюнистнишини атрофи Навори Ғазза оғоз шуду ҳамзамон бо даргирии шадид байни неруҳои саҳюнисту Ҳамос идома дорад. Ин муноқишот, минтақаро ба шакли ғайримунтазирае дар вазъияти ҷадиде қарор додааст.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА , Яҳё Остон, мушовири расонаии ширкати хутути ҳавоии Туркия дар сафҳаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълом кард, ба далели авзоъи мавҷӯд парвозҳои ин ширкат ба мақсади сарзаминҳои ишғолӣ то иттилоъи сонавӣ ба ҳолати таълиқ даромадааст.

Ба дунболи оғози амалиёти «Тӯфони Ал Ақсо», аксари ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвоҳозҳои худ ба мақсади сарзаминҳои ишғолиро лағв кардаанд. Ширкати ҳавопаймоии Кореяи Ҷанӯбӣ зимни лағви парвозҳои худ аз рӯзи душанбе эълом кард, бо ҳадафи аслии бозгардондани атбои кореяӣ феълан парвозҳои баргашти худро ҳифз кардааст.

Air India ба далели эминии мусофирону хадама, парвозҳои худро ба Тел Авивро то 14 октябр ба ҳолати таълиқ даровардааст.

Ширкати ҳавопаймоии Ҳонгконг “Cathay Pacific” низ парвози рӯзи сешанбеи худ аз Тел Авивро лағв кард.