Октябр 11, 2023 18:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳи Лубнон масъулияти ҳамла ба пойгоҳи исроилӣ бо истифода аз мушакҳои ҳидоятшавандаро ба ӯҳда гирифт
    Ҳизбуллоҳи Лубнон масъулияти ҳамла ба пойгоҳи исроилӣ бо истифода аз мушакҳои ҳидоятшавандаро ба ӯҳда гирифт

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҳамла ба мавозеи артиши режими саҳюнистӣ дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ аз мушакҳои ҳидоятшаванда истифода кард.

Шабакаи 14 телевизиони режими саҳюнистӣ эълом кард, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҳамла ба мавозеи артиши режими саҳюнистӣ ба минтақаи Уюйм дар марзҳои шимолии Фаластини ишғолӣ аз мушаки зиддизиреҳ истифода кард.

Манобеи ибризабон ҳамчунин аз эҳтимоли нуфузи муборизони муқовимат ба манотиқе дар шимоли Фаластини ишғолӣ хабар доданд.

Ин манобеъ таъкид карданд, ки дар як ҳодисаи амниятӣ дар ин минтақа чанд низомии артиши режими саҳюнистӣ захмӣ шуданд.

Шабакаи “Алҷазира” ҳам эълом кард, як пойгоҳи исроилӣ дар наздикии марзи Лубнон ҳадафи ду ракетаи ҳидоятшаванда қарор гирифт.

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар пайи ин рухдод дар баёнияе дар робита бо даргириҳои марзи Лубнону Фаластини ишғолӣ ва ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон, масъулияти ин ҳамла бо истифода аз мушакҳои ҳидоятшавандаро ба ӯҳда гирифт.

Душмани саҳюнистӣ рӯзи душанбеи нуҳуми октябри 2023 Ҳисом Иброҳим, Алӣ Футуни ва Алӣ Ҳадраҷро ба шаҳодат расонд.