Октябр 12, 2023 12:09 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шуҳадои навори Ғазза ба беш аз 1100 нафар
    Афзоиши шуҳадои навори Ғазза ба беш аз 1100 нафар

Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза то кунун 1128 фаластинӣ ба шаҳодати расиданд.

Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" рӯзи шанбе 7 октябр дар вокуниш ба ҷиноёти саҳюнистҳо амалиёти "Туфони алақсо"-ро оғоз кард. Неруҳои муқовимат дар ин амалиёти арозии ишғолӣ аз ҷумлаи Телавив ва Ашдуд ва Асқалонро бо садҳо мушак ва ракета ҳадафи ҳамла қарор доданд ва даргириҳо ки токунун идома дорад, мунҷар ба ҳалокати ҳазорон саҳюнист шудааст.

Режими саҳюнистӣ низ ба ҳамалоти ваҳшиёнаи худ зидди миллати Фаластин дар Ғазза идома медиҳад ва манотиқи маскуниро бо истифода аз бомбҳои фосфорӣ бомбаборон мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғаззаи бомдоди панҷ шанбе эълом кард, теъдоди шуҳадои ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба 1128 нафар ва теъдоди маҷруҳон ба 5489 тан афзоиш ёфтааст.

Вазорати беҳдошти Фаластин таъкид кард дар Карона бохтарӣ руди Урдун низ 28 фаластинӣ ба шаҳодати расид ва 150 нафар маҷруҳ шудаанд.

Барчасп